Наврӯзии ҳунарпешагони тоҷик дар Туркия
Анқара, 28 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Гурӯҳи ҳунарпешагони тоҷик ба ифтихори иди Наврӯз дар чорабиниҳо бахшида ба ин ид дар Туркия ширкат дорад. Ин чорабиниҳо дар 20 шаҳри Туркия бо иштироки 200 нафар ҳунарпешагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия ва кишварҳои дигари ҷаҳон роҳандозӣ мешаванд.Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, кишвари моро дар ин чорабиниҳо овозхони дастаи «Дарё» Қурбоналӣ Абдуллоев ва гурӯҳи дастаи «Зебо» намояндагӣ мекунанд.Консерти хотимавӣ бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои эҷодӣ 30 март дар шаҳри Адан баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






