Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ муътадиланд

Март 20, 2013 09:30

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2013 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт.  Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми ММД дар ин давра ба 3,9 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,2 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла соҳаи сохтмон 19,6 фоиз, гардиши савдои чакана 11,8 фоиз, хизматрасонӣ 11,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,5 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 2,3 фоиз ба қайд гирифта шуд. Бояд гуфт, ки сатҳи таваррум дар давраи ҳисоботӣ 1,1 фоизро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 5,0 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,7 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,3 фоиз ба вуқуъ пайваст. Ҳамзамон сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 7,0 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон сатҳи таварруми аслӣ — 0,02 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,96 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона 1,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,6 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии кишвар ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, таъмини фаъолияти солим ва устувори низоми бонкии кишвар равона гардид. Аз ин лиҳоз, бинобар муътадил будани вазъи иқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бетағйир нигоҳ дошта шуд. Ҳамзамон меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 18,0 фоиз то 16,3 фоиз коҳиш ёфт. Бинобар ин, баҳри нигоҳ доштани устувории низоми бонкии кишвар ва таъмини ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, дар давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба бонкҳои ватанӣ ба маблағи 218,3 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод шуданд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар ин муддат 4,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 0,3 фоиз зиёд аст. Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ва мусоидат намудан ба ҷараёни рушди устувори иқтисодиёт дар кишвар равона месозад.

Март 20, 2013 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад