Оғози ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 29 марти соли 2013, дар “Кохи Сомон”-и Бӯстонсарои ҳукуматии шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Ҳамкории Осиё (МҲО) кори худро оғоз намуд. Дар кори ҷаласа ҳайатҳои 32 кишвари осиёии узви МҲО ширкат доранд. Дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Туркия, Бонки рушди Осиё, ҳамчунин собиқ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Чинаватра ба сифати меҳмон иштирок мекунанд. Тавре ки хабар дода шуд, дар бахши ифтитоҳии ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунад. Ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО таҳти раисии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷараён гирифта, зимни он роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲО оид ба масъалаҳои рӯзнома табодули назар мекунанд. Дар хотима, иштирокдорони ҷаласа санади ниҳоии ин ҳамоиш – “Эъломияи Душанбе” – ро қабул хоҳанд кард. Оид ба натиҷаҳои он нишасти матбуотии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд баргузор мегардад. Бояд зикр кард, ки дирӯз – 28 март мулоқотҳои хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ бо як гуруҳ роҳбарони ҳайатҳо сурат гирифтанд. Имрӯз низ баргузории чунин мулоқотҳо дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






