Ошкорнамоии ду ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони гумруки Фурудгоҳи байналмиллалии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе боз ду ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Аз шуъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони мақомоти гумруки кишвар аз аввали соли ҷорӣ ҳашт ҳодисаи кўшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Ин дафъа кормандони гумруки «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайрҳои № 4863, №627 самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Москва ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии гумрукии бағоҷи дастии шаҳрванд Ш. аз пинҳонгоҳ, ки дар дохили қуттии махсус тайёр карда шуда буд, дувоздаҳ бастаи селофании маводи хокистарранги бӯи махсуси ғализдоштаро пайдо намуданд. Инчунин аз дохили либоси тагпўши шаҳрванд Б. се бастаи селофании дорои хокаи монанд ба героин дарёфт ва мусодира гардид. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари аз шахсони қочоқбар мусодирагардида қариб 2 кг героинро ташкил дод. Аз рўи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуда, ба Прокуратураи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






