Озодии баён ва интернет

Март 29, 2013 16:56

Интернет яке аз ҷадидтарин ва пуриқтидортарин васоити коммуникатсионӣ мебошад Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»). — Интернет яке аз ҷадидтарин ва пуриқтидортарин васоити коммуникатсионӣ мебошад, ки нисбат ба телеграф, телефон, радио, ва телевизион барои муошират мусоидтар хизмат менамояд. Имрўзҳо интернет барои ҳалли як қатор мушкилот хизмат мерасонад. Яъне тавассути он одамон натанҳо бо аҳолии тамоми дунё бо забонҳои мухталиф имкони муошират кардан доранду бо ҳамдигар табодули иттилоот менамоянд, балки бо истифода аз он инсонҳо ба бисёр суолҳои хеш посухи саҳеҳ мегиранд. Чуноне, ки маълум аст, интернет қодир аст, ки иттилоотро бе мамониат дар муддати кўтоҳтарин дар тамоми ҷаҳон паҳн намуда, диққати ҷаҳониёнро ба он ҷалб созад. Инчунин он барои инсонҳо имкон фароҳам меорад, ки онҳо бо имзои мустаор ягон афкор ё иттилоотро паҳн намоянд. Ва масъалаи муҳиме, ки имрўзҳо бояд ба он диққати зарури дода шавад, ин масъалаи моҳияти Интернет, фарҳанг ва этикаи истифодабарии хизматрасониҳои мухталифи содиршуда аз тариқи Интернет мебошад. Пушида нест, ки имрўзҳо шабакаи Интернет аз ҷониби қисмате аз ҷомеа барои дастраси ба манбаҳои иттилоотии дохиливу хориҷи низ истифода мешавад.Ин намунаҳои болозикр намунаҳои маъмули истифодабари аз шабакаи Интернет мебошанд.Ҳамзамон бо рушди техналогияҳои интернети, ба самъи истифодабарандагони шабақаи Интернет бояд ҷамбаи хуқуқи ва ҳисси масъулият зимни амалҳои анҷомдодашуда дар шабакаи Интернет низ расонида шавад. Ин масъала зарурат ба миён меорад, ки дар ҷомеа фарҳанг ва этикаи хоса ва хамчунин қоидаю муқаррароти истифодабарии Интернет таблиғ шавад. Ин амал бояд аз тарафи волидайн, аз ҷониби масъулини макотиби миёнаю олӣ ҳангоме, ки талабаҳою донишҷуён аз Интернет истифода менамоянд ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва ҳамчунин, аз ҷониби ҷомеаи иттилооти, ки Провайдерони Интернет низ ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошанд, ба роҳ монда шавад. Ба ҳама маълум аст, ки истфодабарандогони наврасу ҷавон имрўзҳо қариб бештари вақти хешро дар интернет мегузаронанд. Барои бисёртари онҳо интернет як ҷузъи асосии ҳаёташон гардидааст. Чунки дар он ҷо онҳо ҳам бо дўстон муошират менамоянду ҳам имкони пайдо намудани дустони навро доранд ва интернетро ҳамчун манбаъи омузиши дарсҳои хеш медонанд. Яъне аз интернет ҳамаи маводҳои тайёри дарсиро (иншо, реферат ва ғайраҳо ) гирифта истифода менамоянд. Бидуни ин дар дохили шабақа наврасону ҷавонон худро озод эҳсос менамоянд ва новобаста аз синну соли хеш бо одамони синну соли мухталиф суҳбати ошкоро барпо менамоянду дастраси ба ҳамаи намуди сайтҳои фаҳшу бемаъниро доранд.Аз ин лиҳоз волидайн ва муаллимонро зарур аст, ки ба наврасон фаҳмонанд, ки набояд ба чунин амалҳо даст дод. Зеро он паёмади нохуш дорад.Бояд ба истифодабарандагони Интернет фаҳмонда шавад, ки шахс нисбати тамоми амалҳои анҷомдодашуда дар шабакаи Интернет масъул ва ҷавобгу мебошад. Интернетро мебояд самаранок истифода бурд ва аз он барои хеш чизи зарури ва манфиатнокро кашф намоянд. Аз сабаби густариши шабакаи Интернет ва зиёдшавии истифодабарандагони он, дастраси ба ҳар гуна иттилоот барои ҷомеа фароҳам оварда мешавад. Дар ин ҷо таъкидан бояд зикр шавад, ки паҳни иттилооти гумроҳкунанда, дурўғ ва ё тўҳмат дар шабақаи интернет аз нуқтаи назари хуқуқи амали ҷинои маҳсуб ёфта, шахсони анчомдиҳандаи чунин амал дар назди қонун чавобгў мебошанд. Вале чи бигуем ки имрўзҳо интернет барои ҷомеаи мо майдони бедарвоза гардидааст.   Истифодабарандагони интернет бо имзои мустаор ба ифшои гапҳои қабеҳ роҳ медиҳанд, шахсияти одамонро паст мезананд ва ба иззати нафси ҳамдигар мерасанд, ки ин оқибати нохушро ба бор меорад. Мутаасиф аз онем, ки баъзе ашхос озодии баён гуфта, дар сафҳоти интернет суханҳои кабеҳ дарҷ менамоянд. Бояд пеши роҳи ин амали номатлуб харчи зудтар гирифта шавад. Хушбахтона, имрузҳо бо истифода аз технологияҳо ва таҷҳизотҳои муосир, сохторҳои зертобеи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қодиранд, ки масъалаҳои паҳни ин намуди иттилоотро пайгири намуда, манбаҳои паҳни онҳоро муайян созанд. Маркази матбуоти Хадамоти алоrаи назди {укумати Xум[урии Тоxикистон.

Март 29, 2013 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад