Пулҳои 20, 50 ва 100 сомонӣ- бо унсури ҳимоявии лазерӣ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ бо қарори навбатии худ аз 5 марти соли равон пулҳои коғазии арзишашон 20, 50 ва 100 сомониро, ки дорои унсури ҳимоявии нав мебошанд, ба муомилот мебарорад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари хадамоти матбуоти БМТ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, ки дар пулҳои коғазии номбурда, ки бо унсури ҳимоявии лазерӣ муҷаҳҳазанд, се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ба чашми оддӣ намоён гардида, ҳангоми ламс кардани ададҳои мазкур барҷастагӣ эҳсос мешавад. Пулҳои коғазии дорои унсури ҳимоявии лазерӣ бо арзиши 20, 50 ва 100 сомонӣ дар қатори пулҳои ҳамарзиши намунаи соли 1999, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






