Сайри Наврӯз дар Русия
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). – Дар якчанд вилояти Федератсияи Русия ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои идона роҳандозӣ шуданд. Назар ба хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ин чорабиниҳо бо мадади Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва ибтикороти созмони ҷамъиятии минтақавии «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикон» ва дастгирии маъмурияти вилояти Твери Федератсияи Русия сурат гирифтанд, ки дар онҳо намояндагони маъмурияти вилояту шаҳри Твер, ҷамоаи тоҷикон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.Дар ҳошияи иди Наврӯз устодони санъати тоҷик барномаи консертиро бахшида ба сулҳу дӯстӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан намоиш доданд. Ғайр аз ин мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Твер баргузор гардид, ки дар он намояндагони клубҳои номдори варзишии вилояти Твер, шаҳрҳои Санкт – Петербург, Маскав, Ҷумҳурии Доғистон ва минтақаҳои дигари Русия иштирок доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






