Сари вақт иттилоот дастрас мегардад
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё (МҲО) ба кори худ шурӯъ кард. Бояд гуфт, ки дар Бонки миллии Точикистон маркази матбуотии ин чорабинии байналмилалӣ ташкил шудааст. Ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари Хадамоти матбуоти БМТ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, ки барои инъикоси чорабинии мазкур. сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз ҷараёни он ва таҳияи мақолаву гузоришхо дар маркази матбуот барои рӯзноманигорон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. А. Қурбонов афзуд, ки намоядагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ бо истифода аз ин имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла 40 компютери ҳозиразамони пайваст ба шабакаи интернетӣ, 10 компютер бо шабакаи интернетии вайфай ва мониторҳои калонҳаҷм барои тамошои ин ҷаласа, телефонҳо ва факсҳои байналмилалӣ метавонанд, ки ахбори заруриро сари вақт дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва радиою телевизион пахш намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






