Семинари озмоишӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар шаҳри Хуҷанд дар заминаи мактаби №12 бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои омӯзгорони синфҳои 1- 4 оид ба барномаи «Об, санитария ва гигиена» семинари озмоишӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамоҳангсози барнома Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон академик Ирина Каримова дар бораи озмоиш ва мақсади амалӣ намудани барномаи «Об, санитария ва гигиена» маълумоти муфассал дод. Тренерон ҳар як мавзӯи дар барнома пешбинишударо бо ҳамкории омӯзгорони синфҳои 1-4 баррасӣ намуда, хулосаҳои иштирокдорони семинари озмоиширо мавриди омӯзиш қарор доданд. Зикр шуд, ки маҳз дар давраи ташаккули кӯдакону наврасон барои онҳо азхуд намудани донишҳо дар бораи риоя намудани гигиенаи шахсӣ, ҳолати беҳдошти зист ва пешгирии бемориҳои сироятпазир мувофиқи мақсад буда метавонад. Синни хурди мактабӣ давраи мусоид барои қабул намудани дониш ва малакаҳои нав буда, дар ин давра кӯдакон ва наврасон маълумотро хеле осон қабул мекунанд. Дар баробари ин онҳо дар оила вазифаҳои худро доранд, масалан дар нигоҳубини додаракону хоҳаракони хурдсоли худ донишҳои гирифтаашонро истифода мебаранд. Маводи пешбинигардида барои омӯзиш ва омӯзонидани кӯдакони ин синн мувофиқ буда, модули таълимиро ба шароиту талаботи маҳал мутобиқ намудан осон аст. Маводи омӯзиширо бо усули аз кӯдак ба кӯдак ва аз кӯдак ба волидайн дастрас намудан ба мақсад мувофиқ аст. Хонандагони синфҳои 1- 4 дар озмоиш фаъолона иштирок намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишаванда расмҳо кашиданд, нақшҳо бозиданд ва маводи пешниҳодшударо ба осонӣ дарк намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






