Ш. Зуҳуров намояндагони ҳокимияти 4-ро ба ҳузур пазируфт

Март 11, 2013 15:12

Душанбе, 11 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- “Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матолибе, ки тавассути шумо роҷеъ ба фаъолиятҳои ҳамаҷонибаи парлумони мамлакат дар расонаҳои гуногун нашр мешаванд, қаноатманд аст”, гуфт зимни мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо хабарнигорони парлумонӣ 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик.  Шукурҷон Зуҳуров намояндагони ҳокимияти чорумро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо сарбаландию саодати рӯзгор ва комёбиҳо таманно кард. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки нақши Васоити ахбори омма /ВАО/ дар ташаккули афкори ҷомеа, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, ҳалли мушкилоти он хеле муассир аст. Мавсуф афзуд, ки фаъолияти ВАО ва озодии баён дар кишварамон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки охири соли гузашта аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул шуд, ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонист.Зикр шуд, ки ҳар як расона ба таври худ фазои иттилоотии кишварро пур намуда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми муносиб мегузорад. Матбуот дар бозгӯ, ташреҳ ва таҳлилу баррасии ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани дараҷаи огоҳии иттилоотӣ ва маърифати мардум нақши созгор дорад. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат зикр кард, ки: “Матбуот дар ҳама гуна кишвар бояд дар ҳақиқат ҳукумати чаҳорум бошад ва шумо –намояндагони ВАО дар фаъолиятҳои худ бояд исбот карда тавонед, ки зимоми ин гуна ҳукуматро дар даст доред ва ҳамзамон бояд мутмаин бошед, ки суханони шумо ҳақиқатан ҳам дар зеҳни афроди ҷомеа таъсиргузор хоҳад буд. Танҳо дар чунин ҳолат мустақилияти шумо таъмин ва маводи нашрнамудаатон ҳадафрас хоҳад шуд”. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат таъкид кард, ки Парлумони касбии мамлакат барои рушди матбуоти тоҷик талош менамояд ва омодаи ҳамкорӣ бо ВАО аст. “Маҷлиси намояндагон ҳамеша сухани созандаву пешниҳодҳои судмандро ҷонибдорӣ мекунад, сарфи назар аз он, ки ин пешниҳодҳо аз сӯи кадоме аз табақаҳои ҷомеа ба унвони мо ирсол мешавад. Дар сурати ироаи чунин таклифҳои созандаву пешниҳодҳои манфиатовар аз ҷониби хабарнигорони ВАО-и гуногуни давлативу ғайридавлатӣ, мо аз онҳо пуштибонӣ хоҳем кард”, афзуд раиси Парлумон.  Мавсуф аз намояндагони расонаҳо даъват ба амал овард, ки маводе таҳия ва мунташир созанд, ки дар он ғараз набошад, зеро рушду шукуфоӣ ва комёб гаштан ба ҳадафҳои созанда аз сарҷамъӣ ва фаъолияти шаффофонаи намояндагони ВАО вобаста аст. Фаъолияти ҳамаи ниҳодҳо, хусусан Парлумони кишвар дар навиштаҷоту маводи рӯзноманигорон бояд шаффоф инъикос гардад. 

Март 11, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд