Силсилаи дуюми маълумотномаи нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маводи иттилоотӣ бо унвони Маълумотномаи мухтасар барои муҳоҷирон дубора интишор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия хабар дод, силсилаи дуввум бо теъдоди 10 ҳазор нусха бо дастгирии молиявии Дафтари Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар шаҳри Маскав амалӣ шуд. Чопи аввали маълумотнома ду моҳ қабл бо маблағгузории Намояндагӣ ба табъ расида, аз тарафи раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд ба муҳоҷирони меҳнатӣ ройгон пешниҳод гардида буд.Ёдовар мешавем, ки дар маълумотнома доир ба самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ дар ФР , аз ҷумла тартиб ва қоидаҳои будубош, фаъолияти меҳнатӣ, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои лозима, бақайдгузорӣ, иҷозатномаи кор, патент, аҳамияти гирифтани суғуртаи тиббӣ , тартиби муроҷиат ба мақомоти дахлдор дар ҳудуди Федератсияи Русия ва ғайра иттиллои мухтасар ҷой карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






