Т. Курт пешниҳоди С. Девонаевро пазируфт

Март 13, 2013 15:11

Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Дирӯз мулоқоти сардори Хадамоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият ва дастовардҳо, ба имзо расонидани созишномаҳои байналмилалӣ бо як силсила кишварҳо, аз ҷумла бо Федератсияи Русия ба Тайма Курт маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки пурзӯр намудани кӯмакҳои техникӣ тавассути Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба Хадамоти муҳоҷират метавонад ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои мутобиқи талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ мусоидат намояд.Сардори Хадамоти муҳоҷират пешниҳод намуд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардад, ки дар он директори генералии Созмони байналмилалии муҳочират(СБМ) ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ иштирок намоянд. Ин форум барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҳамкории зич бо диаспораҳо ва барасии «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» шароити муфид фароҳам хоҳад овард. Тайма Курт пешниҳоди сардори Хадамоти муҳоҷиратро оид ба ташкили Форуми байналмилалии муҳоҷират пазируфта, иброз дошт, ки: » Иштироки Шуморо дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Форуми вазирон оид ба ҷамъиятҳо», ки 18-19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Женева баргузор мегардад, интизорем». Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.

Март 13, 2013 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд