Вазъи геополитикии АвруОсиёи Марказӣ дар оғози қарни ХХ1

Март 19, 2013 15:33

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Тавре ки аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 2 апрел дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Вазъи геополитикии АвруОсиёи Марказӣ дар оғози қарни ХХ1» баргузор мегардад. Дар ҷараёни конфронс масоили вазъи геополитикии АвруОсиёи Марказӣ дар оғози қарни ХХ1, манофеи Тоҷикистону Русия дар вазъияти имрӯзаи геополитикӣ, вазъи геополитикии АвруОсиёи Марказӣ баъди соли 2014 ва ҳамгироии АвруОсиё мавриди муҳокима қарор мегиранд. Ин чорабиниро Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷунбиши ҷамъиятии ҷаҳонӣ ихтисос додаанд.

Март 19, 2013 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш