Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Украина
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар»).- 1 марти соли 2013 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба, дар шаҳри Душанбе баргузор намудани ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд. Вазири корҳои хориҷии Украина ҳавасмандии Украинаро дар инкишофи муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун бо Тоҷикистон таъкид сохт. Мусоҳибон инчунин масъалаи ҷудо намудани қитъаи заминро барои сохтмони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Киев баррасӣ карданд. Дар охири мулоқот сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Украина аз номи сафирони 10 кишвар бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз нома супорид ва ӯро ба ҷашни Наврӯз, ки дар шаҳри Киев доир мегардад, даъват намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






