Зан ҳамзисташро кушт
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Шаҳрванди 38-солаи ноҳияи Фирдавсӣ— Якушева Наталя Александровна рӯзи 11 марти соли 2013, тахминан соати 21:00-дақиқа дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматии худ бо ҳамзисташ Ливитин Дмитрий Олегович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Рӯдакӣ муноқиша намуда, сипас бо корд як маротиба ба қафаси сина ва бо зарфи шишагӣ се маротиба ба сари Ливитин задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ дода, ҳамчунин афзудааст, ки Ливитин қаблан бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Гуфта мешавад аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






