Ғолибияти донишҷӯи тоҷик миёни донишҷӯёни ИДМ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бино бар иттилои роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе «Ҷавонони раванди рушд» Парвина Нуриддинова дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2013 дар бахши татбиқи «Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2020» ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ, фестивали дуюми илмию эҷодӣ байни донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Ақида дорам» дар шаҳри Бокуи кишвари Озарбойҷон сурат гирифт. Дар фестивал донишҷӯёни кишварҳои аъзои ИДМ, ба мисли Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия ширкат доштанд. Баъд аз баррасии корҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати комиссияи масъул ғолибони чорабинӣ муайян гардиданд. Аз Тоҷикистон донишҷӯи бахши 5 бо ихтисоси кори иҷтимоии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимзода Азимҷон дар номгӯи «Соҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷои сеюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид. Мавзӯи пешниҳоднамудаи Азимҷон «Кӯдакони бепарастор: масъала ва роҳи паст гардонидани рафтори девиантӣ миёни кӯдакони муҳоҷир» унвон дошт. Ғолибонро муовини аввали вазири ҷавонон ва варзиши кишвари Озарбойҷон Интигам Бобоев бо сертификату туҳфаҳо сарфароз гардонид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






