Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2013 09:48

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 22-юм то 27-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ даври ҳаштуми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад.   Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳафтаи аврупоии иммунизатсия — ин ташаббусест, ки ба баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ва фоидабахшии иммунизатсия равона шудааст.Мақсади чорабинӣ баланд намудани сатҳи фарогирии иммунизатсия ба воситаи баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба зарурият ва ҳуқуқи ҳар як кўдак нисбат ба муҳофизати ў аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Диққати махсус ба гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дода мешавад. Бояд гуфт, ки Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия куллан барои баланд бардоштани донишу малакаҳои аҳолӣ оид ба фоидабахшӣ ва моҳияти иммунизатсия бахшида шуда, диққати махсус ба аҳолии маҳаллаҳои дурдасту душворрас равона мешавад.

Апрель 19, 2013 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид