Ҳавасмандии Швейтсария ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиер вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳар ду ҷониб аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, барои тавсеаи равобити бештар ба нафъи ҷонибҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Айвес Россиер бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои пусамари Тоҷикистону Швейтсария дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалӣ тазаккур дод, ки ҷониби Швейтсария яке аз тарафдорони шомилшавии Тоҷикистон ба ин ниҳод буд ва ният дорад дар ин самт ба ҳамкориҳои худ вусъати дучанд бахшад. Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамоҳангӣ бо нуқтаи назари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки яке аз омилҳои муҳимтарини рушди кишвар- ин сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ба ҳисоб меравад ва дар ин самт низ бояд ҳамкориҳои дуҷониба тақвият дода шаванд. Зикр шуд, ки соли оянда кишвари Швейтсария раисии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда хоҳад дошт ва аз ин рӯ, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ҳамин замина ҳамкориҳои бештаре ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин Айвес Россиер ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар изҳори умедворӣ намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






