Ҳимояи Ватан шараф аст

Апрель 23, 2013 09:42

Кӯлоб, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Мадаминов). – Бо ташаббуси Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва бо дастгирии ҳукумати шаҳр, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи назди ҳукумати шаҳр ҷиҳати даъват ба сафи артиш таҳти унвони «Ҳимояи ватан қарзи ватандорист» дар майдони назди Донишкадаи Давлатии Кӯлоб чорабинӣ доир шуд. Дар он намояндагони ҳукумат, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони комиссариати ҳарбӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок карданд. Дар он донишҷӯёни Донишкадаи Давлатии Кӯлоб, филиали Донишкадаи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, коллеҷҳо ва гимназияҳо ба таври низомӣ гузаштанд. Дар чорабинӣ дар мавриди ҳифзи Ватан, дӯст доштану ҳимоя кардани он сухан рафт.

Апрель 23, 2013 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш