Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина

Апрель 4, 2013 09:21

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар»).-3 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина Геннадий Темник баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони ду кишвар ширкат варзиданд. Иштирокчиёни ҷаласа як силсила масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҳалли онҳо тавсияҳо қабул намуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҷаласаҳои Комиссия василаи муҳими муайянсози самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд ва ибрози боварӣ доштанд, ки натиҷаҳои гуфтушунидҳо барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Украина самараи амалӣ хоҳанд дошт. Оид ба натиҷаҳои мулоқот Протоколи ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина ба имзо расид.

Апрель 4, 2013 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад