Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 5 апрели соли 2013 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошкант иштирок намуд. Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. Иштирокчиёни ҷаласа як силсила ҳуҷҷатҳоро, ки ба таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, таъмини амният ва дигар самтҳо равона шудаанд, мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳо доир ба ҳамкорӣ ҷиҳати созмон додани фазои ягонаи таълимии ИДМ, оид ба эътирофи тарафайни ҳуҷҷатҳои маълумоти олӣ ва олии касбӣ, оид ба эълон намудани соли 2014 — Соли сайёҳӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2013-2015 ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2020» тасдиқ шуданд. Инчунин Шӯрои вазирони корҳои хориҷии аъзои давлатҳои ИДМ Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соҳаи мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир шудаанд, Созишнома оид ба тартиби ташкил ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони мақомоти сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ алайҳи таҳдид ба амнияти марзӣ дар сарҳади берунаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ намуда, барои баррасӣ ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод кард.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






