Ҷумҳурӣ ба техникаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарурат дорад
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва сардори Раёсати бахши тиҷорати Минтақаи мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ся Гуантай масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо аз ҷараёни рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Шариф Саид изҳор дошт, ки ин ҳамкорӣ дар натиҷаи саъю кӯшишҳои роҳбарияти ҳар ду кишвар рушду густариш меёбад.Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон диққати мусоҳибонро ба маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи кишоварзӣ ҷалб карда, зикр намуд, ки Тоҷикистон ба техникаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарурат дошта, хоҳони бунёди роҳҳои мошингард, нақбу кӯпрукҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи тиб, тарбияи кадрҳо ва ҳамкорӣ бо донишкадаҳои олии Минтақаи мухтори Синҷону Уйғур мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






