85 нафар донишҷӯй ёрии паллиативӣ меомӯзанд
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Барномаи тандурустии ҷамъиятии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 22 то 25 апрел ва аз 13 то 18 майи соли 2013 дар заминаи Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии экспертиза ва барқароркунии қобилияти кории маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ барои донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми шуъбаи эҳёгарии Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии шаҳри Душанбе 2 тренинг баргузор менамояд. Барномаи мазкур лоиҳаҳои таҷрибавиро оид ба расонидани ёрии паллиативӣ ба эҳтиёҷмандон амалӣ менамояд. Ёрии паллиативии босифат бояд аз ҷониби дастаи мутахассисон, ки ба он духтур, ҳамшираи тиббӣ, равоншинос, корманди иҷтимоӣ дохил мешаванд, расонида шавад. Ҳадаф аз чорабинии мазкур ба 85 нафар донишҷӯй омӯзонидани асосҳои кӯмаки иҷтимоӣ, психологӣ ва тиббӣ ба беморони паллиативӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






