А. Омпо аз истифодаи дурусти маблағҳои БИР қаноатманд аст

Апрель 19, 2013 09:47

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохурии муовини раиси раёсати БДА «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов бо намояндаи Бонки Исломии Рушд Аҳмад Омпо баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази хадамот ва рекламаи «Амонатбонк» иттилоъ доданд.  Аз рӯи иттилои манбаъ, мақсади ташрифи Аҳмад Омпо тайёр намудани ҳисоботи ниҳоӣ оид ба истифодаи маблағҳои қарзии аз БИР пешниҳодшударо дар бар мегирифт. Намояндаи БИР инчунин бо намояндагони Департаменти қарздиҳии бонк дар масъалаи тайёр намудани ҳисоботи ниҳоӣ оид ба истифодаи маблағҳои қарзии БИР мулоқот кард. Дар доираи мулоқот аз сафари хеш бо дархости БИР Аҳмад Омпо аз ноҳияи Рудакӣ вобаста ба пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ба соҳибкорзанон ва истифодаи дурусти ин маблағҳо дидорбинӣ анҷом дод. Дар ин сафар Аҳмад Омпо аз чанд корхонаҳои хурди дӯзандагии занони деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки бевосита аз маблағҳои қарзии БИР бо пешниҳоди «Амонатбонк» дода шудаанд, мулоқот анҷом дод. Пас аз сафар дар ноҳияи Рӯдакӣ намояндаи БИР Аҳмад Омпо аз истифодаи дурусти маблағҳои қарзии БИР, ки аз «Амонатбонк» пешниҳод мешаванд, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Апрель 19, 2013 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад