Ахбори муҳимтарини рӯз

Апрель 18, 2013 16:54

Маҷаллаи Forbes дороии миллиардерҳои дунёро тадқиқ намуда, дар садри рейтинги бузургтарин сарватмандони олам Бил Гейтс, молику асосгузори ширкати Microsoft-ро гузоштааст. —————————————————Шакват Азиз Сиддиқ, судяи Суди Олии Покистон ҳукми боздошти Парвиз Мушарраф, собиқ президенти ин кишварро содир кард.————————————————— Имрӯз дар Италия интихоботи президентӣ оғоз ёфт—————————————————Башор ал Асад, Президенти Сурия мардуми кишварашро бо рӯзи Истиқлол табрик карда гуфт, ки вазъи кишвар назар ба пешина беҳтар шудааст.—————————————————Дар ҷанубу шарқии Туркия мақомоти ин кишвар барои гурезагони масеҳии Сурия барои будубоши 4 ҳазор нафар ӯрдугоҳ месозанд.—————————————————Бар асари таркиш ва сӯхтор дар корхонае дар шаҳри Вести штати Техаси ИМА тақрибан 15 нафар ба ҳалокат расида, камобеш 160 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.Тарҷумаи Баҳманёр Муродов

Апрель 18, 2013 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш