Ассотсиатсияи китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон меёбад

Апрель 22, 2013 09:07

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бахшида 20-умин солгарди таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дар мавзўи «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» конфронс баргузор гашт.  «Конфронси мазкур дар соҳаи китобдорӣ, дар даврони 20 соли истиқлолият бори аввал баргузор шуда, он 70 нафар роҳбарони китобхонаҳоро гирди ҳам овард», — гуфт дар ифтитоҳи конфронс директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷамшед Қурбонов. Дар айни замон дар тамоми давлатҳои ИДМ Ассотсиатсияи китобхонаҳо ташкил шудаву танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз Ассотсиатсияи китобхонаҳои худро надошт. Бинобар ин роҳбариятҳои Китобхонаи давлатию патентию техникӣ, Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зарур шумориданд, ки дар ин конфронс масъалаи созмон додани Ассотсиатсияи китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монанд. Ҳадаф аз баргузории конфронс, ин пеш аз ҳама мубодилаи иттилоот ва малакаи фаъолият, шиносоӣ бо навгониҳо дар фаъолияти кори китобхонаҳо, сарватҳои иттилоотӣ, технологияҳои автоматикунонӣ, баланд бардоштани савияи дониш, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байникитобхонавӣ, абонементи байникитобхонавӣ, дастрасӣ ба маъхазҳои иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ, баррасии масъалаҳо дар фаъолияти кори китобдорӣ ва китобхонаҳо, ташкили сомонаҳои интернетии китобхонаҳо, ташкили намоишҳои китобӣ, тарғибу ташвиқи фаъолияти китобдорӣ тавассути ВАО, ташкили озмунҳо дар китобхонаҳо, ҷалб намудани насли наврас, донишҷўён, олимон, зиёиён, кормандони муассисаву ташкилотҳо ба китобхонаҳо мебошад. Дар конфронс як қатор масъалаҳои соҳаи китобдорӣ, китобхонашиносӣ аз ҷониби иштирокчиёни конфронс мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни конфронс тавассути муаррифиҳо ва намоишҳои видеоӣ аз фаъолият ва навгониҳои китобхонаҳои худ маърўза намуда, нақши сарватҳои иттилоотии китобхонаҳоро асос дар рушди иқтисодиёт ва инноватсия шумориданд.

Апрель 22, 2013 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд