Ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шахсоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар менамоянд, ҳатман пеш аз сафар ба Русия ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва даҳ намуд буклет оид ба қонунгузории нави Федератсияи Русияро дастрас намоянд. Ҳамзамон дар шуъбаи мазкур дар асоси иттилоотӣ рӯйхати рондашудагон (депортатсияшудагон)- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламравии Федератсияи Русия то ҳолати моҳи феврали соли 2013 мавҷуд мебошад. Бояд қайд намуд, ки тибқи қонунгузории нави Федератсияи Русия аз 1 январи соли 2013 шаҳрвандони хориҷие, ки зиёда аз ду ҷарима аз тарафи мақомоти дахлдори Русия доранд ва маблағи ҷаримаро низ супоридаанд, ворид шудани онҳо ба қаламравии Федератсияи Русия манъ шудааст. Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Русия шумо метавонед ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мурочиат намоед. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






