Баргузории ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ

Апрель 30, 2013 11:47

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.Дар ҷаласа нахуст аъзои нави Шӯро аз ҷониби шарикони рушд –Роҳбари намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауер ва Кристофер Миллер муррифӣ гардида, гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд.Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош бар он дорад, ки фазои сармоягузорӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ гардида, бо ин васила дар беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимои мамлакат нақши арзанда гузошта шавад.Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ВМКБ ахбори раиси вилоят Қодири Қосим ва оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома ахбори аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ ва аз ҷониби шарикони рушд шунида шуд. Дар анҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба сохторҳои масъули давлатӣ оид ба беҳтар гардонидани шароити соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлил вобаста ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта ва идомаи ислоҳот ва заминаи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шавад.

Апрель 30, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!