Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Британияи Кабир
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Ташрифи ҳайати соҳибкорону тоҷирони бритониёӣ метавонад ба рушду нумӯи муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир саҳми арзандаи худро гузорад, зикр намуд вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода зимни мулоқот бо ҳайати соҳибкорону тоҷирони бритониёӣ, 16 апрел. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар навбати худ Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит аз қабули самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, сафари ҳайати мазкурро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд фоли нек арзёбӣ кард. Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҳайати мазкур оид ба фаъолияти ширкатҳои худ, ки соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад, маълумоти мухтасар манзур намуданд. Дар аснои мулоқот миёни мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагони ҳайти мазкур вобаста ба нақшаю дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






