Баррасии масоили асосноккунии техникию иқтисодии НБО
Душанбе, 18 январ. (АМИТ Ховар, Мавзуна Бойева).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати мамлакат вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо роҳбари ширкати «Ходайз Тоҷикистон» Шрихари Ходай баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба итмоми омўзиши пешакии асосноккунии техникию иқтисодии НБО-ҳои Нуробод-1, Нуробод-2 дар дарёи Обихингов, НБО «Фондарё» дар дарёи Фондарё ва тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд дар бахши энергетика ва ташкили корхонаҳои заргарӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиатҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо хоҳад буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






