Боз ҳашт локомотиви Қазоқистон дар роҳҳои оҳани Тоҷикистон амал хоҳанд кард
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин масоили дурнамо ва ҳамкориҳои кунунии дуҷониба дар бахши нақлиёти роҳи оҳан, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақли транзитӣ ба воситаи Қазоқистон ва истифодаи локомотивҳои Қазоқистон дар роҳҳои оҳани Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аскар Мамин иттилоъ дод, ки дар айни ҳол чор локомотиви ҷониби Қазоқистон дар роҳҳои оҳани Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар нақша аст, ки бо имзои як шартнома дар оянда боз ҳашт локомотиви дигар низ дар роҳҳои оҳани кишвар ба истифода дода шавад. Зикр шуд, ки маблағи умумии ин лоиҳа беш аз 54 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил медиҳад. «Мо дар нақша дорем, ки ба ҳамкории худ бо сохторҳои марбутаи ҷониби Тоҷикистон ҳар чӣ бештар тақвият бахшем»,- иброз намуд дар охири суҳбати худ бо хабарнигорон Аскар Мамин.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






