Боздид аз Маркази нигоҳдошти шаҳрвандони хориҷии шаҳри Самара
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Зимни сафари хизматӣ дар ҳавзаи федералии Приволжйе сармутахассиси Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Далер Сангинов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нигаҳдошти шаҳрвандони ҶТ аз Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Раёсати шаҳрии корҳои дохилии шаҳри Самара дидан кард.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, зимни мулоқот бо корманди намояндагӣ муовини сардори марказ Дмитрий Королев иттилоъ дод, ки то 3 апрел дар муассиса 13 нафар шаҳрванди ҶТ аз сабаби вайрон кардани тартиби будубош дар ФР нигоҳ дошта мешаванд. Сармутахассиси намояндагӣ Д.Сангинов бо ҳар яки онҳо ҳамсуҳбат шуда, аз вазъу шароити нигоҳдорияшон ва аз муҳлатҳои ба ватан равон карданашон пурсон шуд. Дар айни замон бо мусоидати Намояндагӣ бо истифода аз хизмати ҳимоятгар ду нафар шаҳрванди ҶТ Бахтиёр Сотиволдиев, соли таввалудаш 1992 ва Рустам Шоев, соли таввалудаш 1971 нисбат ба қарори суд оид ба ихроҷ кардан аз ҳудуди ФР ба мақомоти суди болоӣ аризаи шикоятӣ ирсол кардаанд ва он дар марҳалаи баррасӣ мебошад.Бо ёрии намояндагӣ Маъмурҷон Ҷабборов, соли таввалудаш 1980 ва Фаррух Очилдиев, соли таввалудаш 1994 4.апрели соли равон ба Ватан фиристонида шуданд.Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Самара «Пайванд-Единство» Дарвеш Юсуфов ва ҳуқуқшиноси Маркази ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқ дар Самара Татяна Сабинина ширкат доштанд.Бояд гуфт, ки ҳамаи нигоҳдошташудагон бо ҳимоятгар ва ҳуқуқшинос таъмин буда, ҷараёни баррасии парвандаҳо зери назорати намояндагӣ қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






