Боздошт ва мусодираи сангҳои қиматбаҳо
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13 апрели соли равон бо гумони даст доштан дар мумилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо бо мақсади интиқоли минбаъдаи онҳо ба хориҷи кишвар, аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ шаҳрванд Шердилов Хурсанд Яқуббекович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Систи ноҳияи Ишкошим боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии шахсии мавсуф аз ў 5 халтача бо 409 адад санги қиматбаҳо дарёфт ва мусодира шуд.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ташхиси минбаъда муайян сохт, ки 241 адад сангҳои рангашон гулобӣ, ки вазнашон 135,6 граммро ташкил медиҳад, сангҳои табии навъи лаъл буда, ба гуруҳи сангҳои қиматбаҳо шомиланд. Дар айни замон нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад. Мавриди зикр аст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ҳифзу нигаҳдории боигариҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дошта бошад ва ба талаву тороҷи онҳо ҳаргиз роҳ надиҳад. Додугирифти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид бар хилофи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчунин ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ва кашонидани онҳо дар ҳар намуду ҳолат ҷиноят маҳсуб ёфта, гунаҳкорон дар асоси талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






