Брифинг дар Вазорати корҳои хориҷӣ
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар» ).- 19 апрели соли 2013 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва иштироки ҳайати дипломатии кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе брифинг барпо шуд. Дар брифинг вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов оид ба масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Рушди имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ дар муддати то соли 2020» ва ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА, ки баргузории ин чорабиниҳо 18-19 сентябри соли 2013 дар Душанбе дар назар аст, маълумот дод. Дар брифинг инчунин намояндаи Созмони байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Д. Ларионов ва ҳамоҳангсози миллии барномаи ТРАСЕКА дар Тоҷикистон С. Муъминов иштирок намуданд. Бояд хотиррасон намуд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Рушди имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ дар муддати то соли 2020» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамкории Созмони байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ва Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА созмон дода мешавад. Ҳамзамон баргузории конфронс аз ҷониби як силсила созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ҷонибдорӣ шудааст. Дар кори Конфронс масъалаҳои вобаста ба дурнамои рушди савдо, инфрасохтори роҳҳо, робитаҳои нақлиётии Авруосиё, транзит ва боркашонии автомобилӣ байни Осиё, Аврупо ва Шарқи Наздик аз тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима хоҳанд шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






