Чорабиниҳои хотирмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Апрель 23, 2013 10:34

Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 23 май ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи фархунда шаҳрдории Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро тарҳрезӣ намудааст. Тибқи он 23 май аз соати 18:00 то 20:00 дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», ба номи С.Айнӣ, «Кӯли ҷавонон» ва «Майдони 800-солагии Москав» чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки беҳтарин ситораҳои эстрада ва гуруҳҳои ҳунарӣ доир мегарданд. Инчунин аксияҳои марбутаи созмонҳои ҷавонон, бахусус Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан», ки дар он метавонанд намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ ва кумитаҳои шаҳрии аҳзоби сиёсӣ ширкат варзанд, гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ин рӯз, яъне 23 май соати 19:00 дар Боғи пойтахт чорабинии рангину хотирмон ва бошукуҳ дар сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи пойтахт ташкил мешавад.

Апрель 23, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш