Душанбе-гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имрӯз 18 апрели соли равон дар тамоми гуруҳҳои академии факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи «Душанбе — гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик» соати тарбиявӣ баргузор шуд. Садорати факулта ҳадаф аз гузаронидани соати тарбиявиро тарғиби хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, ғамхорӣ ба якдигар, бо нерӯи дастаҷамъона баланд бардоштани шуҳрати Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таъмини шукуфоии фардои он арзёбӣ кард. Дар такя бар қавли декани факулта Маҳмадулло Раҷабов, ин гуна дарсҳои тарбиявӣ пайваста дар мазуъҳои гуногун доир мегарданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






