Э. Раҳмон: «Мо чун ҳамеша ҷонибдори шаффоф баргузор шудани интихобот ҳастем»
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври шаффоф ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ман ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд», — таззакур дод 26 апрели соли 2013 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар. Вай афзуд, ки интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.«Конститутсия ва қонунгузории кишварамон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, инчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф заминаи мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир, яке аз самтҳои афзалиятноки демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон таъмин намудани изҳори ихтиёрии иродаи халқ ҳангоми баргузории интихобот мебошад», — муътакид аст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Президент зикр намуд, ки қонунгузории мо кафолат медиҳад, ки дар байни субъектҳои раванди интихобот ва иштирокчиёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои баҳсу муколамаҳои созанда ва изҳору ифодаи мақсаду мароми онҳо фазои орому озод ва имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд. Корро тавре бояд ташкил намуд, ки шаҳрвандон дар навбати аввал аз ҳуқуқҳои қонунии худ воқиф гардида, иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсӣ будани худро эҳсос намоянд ва масъулиятро оид ба амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии худ дарк кунанд.«Дар ин замина, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иштирокчиёни интихобот бояд фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат роҳандозӣ намоянд», — таъкид намуд Сарвари давлат. Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки бо дарназардошти ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин тамоми субъектҳои раванди интихоботро зарур аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод баргузор гардидани интихобот тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






