Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз берун аз ҳама гуна дину оин аст»
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари таҳлили амиқу дақиқи соҳаҳои мухталиф ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Сарвари давлат аз нодидагирӣ ва ё зери шубҳа қарор гирифтани расму оинҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби баъзе расонаҳои ғаразхоҳ ёдовар шуда, махсусан паҳн гардидани хабарҳоеро, ки гӯё ҷашни Наврӯз барои мардуми мо оини бегона аст ва аз нигоҳи дини Ислом ҷашн гирифтани он мамнуъ мебошад, шадидан маҳкум кард. «Ин фикр мутлақо хатост ва барои раванди худшиносии миллӣ, ки мо мехоҳем наслҳои ҷавонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, хатари ҷиддӣ дорад»,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба қавли Сарвари давлат Наврӯз ба ягон дин иртибот надорад ва дар айни замон ба ягон дину мазҳаб мухолиф нест.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






