Фоида ва зарари интернет
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Дар замони ҳозира 60% оилаҳо соҳиби компютер мебошанд.Тарафҳои мусбати интернет ин иқтидори баланди компютер ва сарчашмаҳои онро оқилона ва дуруст истифода бурдан аст.Тарафҳои манфӣ шавқи зиёд ба компютер, ки инсон як қисми ҷудонашавандаи он мегардад ва оқибат ба рафтор ва кирдори худ назорат карда наметавонад, ки дар натиҷа ба касалиҳои асаб гирифтор мешавад.Фоидаи Интернет. Фавран пайдо намудани маълумоти зарурӣ, муносибат ва мукотиба бо дўстон аз тариқи В контакте, Мой-мир, Одноклассники ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ.Худидоракунӣ, гирифтани маълумоти иловагӣ, васеъ кардани доираи имконият, таъмини истироҳат, ба шакли муайян даровардани соҳибихтиёрии иттилоотӣ, маҳорати кор бо маълумот ёфта гирифтан ва мушоҳида кардан, ба тартиб даровардан ва истифода бурдани маводи лозимӣ.Зарари интернет. Силкҳои динию мазҳабӣ, худқотилон, таассуб.Сайтҳои моҷароҷӯёна, рекламаҳои таҷовуз, лексика ва сайтҳои беҳаёиву фаҳш, пахши васваса, фиребгарӣ, таҷовузи наврасон ва гайра корҳои аз одобу услуби одамӣ берун.Маълумотҳои носаҳеҳ ва бардурўғ, қабул ва фиристондани маълумоти бардўрўғ , ба шакли муайян даровардани мафҳуми бардурӯғ дар бораи ягон шахс, бад шудани вазъи саломатӣ, паст ва ё гум шудани биноӣ, каҷ шудани сутунмуҳра аз ҳисоби бисёр гузаронидани вақти худ дар назди компютер ва нодуруст нишастан дар сари он, дучор шудан ба касалиҳои асаб ва руҳӣ дар натиҷаи бозиҳои онлайнӣ ва ғайра…Кӣ дар минтақаи хатар аст: Кӯдаконе, ки волидайнашон ба онҳо диққати ҷиддӣ намедиҳанд,Кӯдаконе, ки волидайнашон доим дар сафарҳо ҳастанд,Кӯдаконе, ки кибру ғурури беандоза доранд,Кӯдакони беодоб ва бетарбия,Кӯдакони ноустувор ва муассир. Дар ин шумора аз духтарон дида писарон зиёдтаранд.Роҳои ҳалли масъала. Аз тарафи операторон таҳти назорат қарор додани сайтҳои бемаънӣ ва ба хулқу одобу саломатии кӯдакон зараровар. Дар мактабҳо ба кӯдакон фаҳмонидани маърифати истифодаи интернет ва аз бозиҳои онлайнӣ ва аз даромадан ба дигар сайтҳои бемаъниву фаҳш худдорӣ кардан, Ворид шудан ба сайтҳои эътиборнок, аз мониторҳои калони муофизатдошта истифода бурдан, интихоби ҳуҷра барои кор дар компютер, маҳдуд кардани кўдак аз сайтҳои фаҳшу бемаън, маҳдуд кардани кўдак аз вақти зиёд нишастан, интихоби мебел ва лавозимоти дарсӣ барои кўдак, таҳти назорат қарор додани папка ва филмҳое, ки барои кўдакон таъсири манфӣ мерасонанд, дар вақти кор мижа бисёр задан барои зарар нарасонидан бо чашм, дар вақти кор бо компютер ҳаракат кунед тамоми кӯшишатонро ба компютер надиҳед, озодона нафас кашед ва ба ин ё он тараф ҳаракат кунед. Чизи дидаатонро бе саъйю кӯшиш қабул намоед. Тез- тез чашмонатонро пўшед, то ки онҳо каме дам гиранд,Палминг-машқ барои чашмҳо аз он иборат аст, ки якчанд дақиқа онҳоро бо дастони худ пўшонед, дар натиҷа онҳо ором мешаванд, ин оромӣ бинишро хуб мекунад ва чашмонатон осеб намебинанд.Волидайн бояд кўдакони худро дар вақти нишастан дар компютер назорат кунанд, дарсҳои забономӯзӣ, касбомӯзиро бештар ворид кунанд, дар давоми рўз аз 2-3 соат зиёд нишастани кўдакро дар компютер манъ намоянд,Агар писари шумо дарсҳоро нимтайёр кунад, муваффақияташ паст шуда истода бошад, доим дар хаёлаш компютер бошад, кам ҳаракт кунад, хӯрокхӯриаш бо хаёлот бошад вай компютероман аст.Барои аз ин ҳаракатҳо раҳоӣ ёфтан шумо бояд бозиҳои шавқовар, дарсҳоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ дарёфт кунед, почта ва файли худатонро ҷудо кунед, барои кўдакатон рўзнома кушоед, ки кори ҳаррўзаашро сабт намояд, маслиҳат диҳед, ки бо фотошоп кор кунад ва ба тартиби дигар сохтани ҳар гуна барномаҳо машғул шавад,Қоидаи истифодабарии компютерро омӯзад, ба папка- файлҳои дигарон назар накунад, дар назди компютер хўрок нахӯрад, ҷои кориашро дар компютер тозаву озода нигоҳ дорад, танҳо баъд аз тайёр намудани вазифаҳои хонагӣ ва корҳои хона бо иҷозати волидайн ба компютер шинад. Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест






