Густариши ҳамкориҳои ҲХДТ бо Ҳизби Коммунистии Чин
Душанбе,12 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- Нимаи дуюми дирӯз муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латипов бо мушовири сафир оид ба масоили сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Жун ҳамкориҳои миёни ҲХДТ ва Ҳизби Коммунистии Чинро баррасӣ намуданд.Зимни мулоқот ҷонибҳо тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобиларо шарти муҳими фаъолияти берунии тарафҳо номида, барои густариши ҳамкориҳо изҳори боварӣ намуданд.Дар ҷараёни мулоқот масоили вобаста ба қабул ва ташкили мулоқоти ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин, ки аз 20 то 23 апрели соли равон дар Душанбе дар назар аст, баррасӣ гардид.Дар мулоқот Фан Жун аз намояндагони ҲХДТ даъват ба амал овард, ки дар конфронси байналмиллалии ҳизбҳои сиёсии Осиё, ки он соли равон дар Чин гузаронида хоҳад шуд, ширкат варзанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






