Густариши ҳамкориҳои ҲХДТ бо «Единая Россия»
Душанбе, 04 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 3 апрели соли 2013 муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров муовини роҳбари кумитаи иҷроияи минтақавии вилояти Свердловски Ҳизби умумироссиягии сиёсии «Единая Россия» («Русияи ягона») Русаков Андрей Геннадиевичро бо ҳайати ҳамроҳонаш Попов Дмитрий Сергеевич, корманди шуъбаи уралии Маркази русиягии тадқиқоти стратегӣ ва Колотилинский Сергей Викторович — мушовири сиёсии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Сафар Сафаров дар хусуси таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сохтори дохилӣ, шакли фаъолияти ҳизб ва дигар масоили марбути ҳизб мушаххасан маълумот дода, ҳамкории дуҷонибаи байниҳизбиро муҳим арзёбӣ намуд. Дар мулоқот ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниҳизбӣ ҳавасмандии ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро иброз намуда изҳор дошт, ки Федератсияи Русия аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ баромад намуд ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро чӣ дар сатҳи давлатӣ ва чӣ дар сатҳи байниҳизбӣ зарур шуморид.Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди байниҳизбӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва дигар масоили байниҳизбӣ ибрози ақида намуданд.Ҳайати меҳмонон аз натиҷаи мулоқот бо муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






