«Ин дастовардҳо моро ҳанӯз ҳам қаноатманд карда наметавонанд»-бардошт аз Паём

Апрель 26, 2013 14:35

Душанбе, 26 апрел.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- «Беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боиси тадриҷан камшавии нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиии аҳолии мамлакат гардидааст»-, тазаккур дод 26 апрел Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар.Ҳамчунин Сарвари давлат зикр намуд, ки агар дар соли 2000-ум дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011-ум ба 72,5 сол баробар шудааст. Инчунин тибқи таҳқиқоти гузаронидашуда нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 12 фоиз паст гардида, фавти кӯдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки агар дар соли 2000-ум беш аз 167 ҳазор нафар кӯдак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 220 ҳазор нафар баробар гардидааст, ки 25 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷа шумораи аҳолии мамлакат аз 6,1 миллион нафари соли 2000-ум то ба имрӯз беш аз 30 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8 миллион нафар расидааст. Сарвари давлат иброз намуд, ки бо назардошти талаботи замон ҳамаи ин дастовардҳо моро ҳанӯз ҳам қаноатманд карда наметавонанд. Зарур аст, ки ҷиҳати афзун кардани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ тадбирҳои иловагии судмандро амалӣ намоем.

Апрель 26, 2013 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд