Иштироки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронси «Қалби Осиё»
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 26 апрели 2013 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар кори конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Қалби Осиё дар ҳошияи Раванди Истанбул оид ба барномаи нав барои ҳамкориҳои минтақавӣ баҳри Афғонистони амн ва босубот иштирок намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маърӯзаи худ саҳми Тоҷикистонро дар масири барқарорсозии сулҳ ва субот дар Афғонистон зикр намуда, тамоми ҷонибҳои манфиатдорро барои ҳамкории созанда дар доираи тадбирҳои эътимоди раванди Истанбул даъват намуд Зикр гардид, ки муносибати комплексӣ ҷиҳати ҳалли масоили Афғонистон, ки тадбирҳоро барои таъмини амният дарбар гирифта, ба соҳаи маориф ва ҷанбаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ бартарият медиҳад, метавонад на танҳо ба таҳкими амният ва рушди устувори иқтисодии Афғонистон, балки тамоми минтақаҳои ҳамшафати он мусоидат намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






