Коҳиши эъломияҳо ва пардохтҳои андозӣ дар асоси супоришоти Паём

Апрель 22, 2013 11:51

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 дастур дода буд, ки лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо забони ҳаддалимкон содда ва фаҳмо таҳия гардида, шумораи камтари андозҳоро дар бар гирад, меъёрҳои андозҳо пасттар шаванд, қонуни амалаш ҳаддалимкон мустақим бошад, ки ҳархела тавзеҳ гардидани моддаҳоро истисно намояд ва ба андозсупорандагон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои андозиашон мусоидат кунад. Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро зимни Паёми ироашуда шарҳ дода, зикр намуданд, ки барои таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав доираи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон, ассотсиатсияҳои дастгирии соҳибкорӣ ва дигар андозсупорандагон ҷалб шудаанд. Бо изҳори қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки вазорату идораҳо, мутахассисону коршиносон, соҳибкорон, ассотсиатсияҳои дастгирии соҳибкорӣ ва дигар андозсупорандагон дар ҷараёни таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба унвонии комиссия ва гуруҳи кории ҳукуматӣ зиёда аз 4000 таклиф пешниҳод намуданд, ки дар маҷмуъ дар лоиҳа аксарияти ин пешниҳодҳо қисман ё пурра ба инобат гирифта шуданд.Бо мақсади иҷрои супориши Сардори давлат маъмурикунонии андоз дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав содда, ҳаҷми умумии матни он ва меъёрҳои аз як модда ба моддаи дигар ва ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳаволакунанда кам карда шуд, аз ҷумла — шумораи умумии моддаҳо аз 359 адад то 329 адад ва шумораи истинодҳо аз 384 адад то 176 адад кам карда шуд; — андоз аз фурўши чакана ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо аз қонунгузории андоз тамоман хориҷ гардид. Дар асоси супориши паёмии Сардори давлат шумораи эъломияҳои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуд. Инчунин бо мақсади халалдор нагардидани фаъолияти соҳибкорон, Сардори давлат ба мақомоти назоратӣ супориш дод, ки аз ҳама намудҳои санҷиши беасос, инчунин аз санҷишҳои мутақобилаи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ худдорӣ намоянд. Бо мақсади иҷрои дастури мазкур дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав банақшагирии санҷишҳои андоз дар мақомоти андоз аз рўи принсипи баҳодиҳии хавфҳо ба роҳ монда шудааст. Яъне, аз рўи ин принсип пеш аз ҳама фаъолияти он андозсупорандагоне таҳти санҷиш қарор дода мешавад, ки ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ медиҳанд ва баръакс фаъолияти андозсупорандагоне, ки уҳдадориҳои андозии худро дар ҳаҷмҳои пурра ва сари вақт иҷро менамоянд, санҷида намешавад. Ба ҳамин тариқ, мо шоҳиди онем, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ, алалхусус ба рушд ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ диққати махсус зоҳир мешавад.Дар баробари ин, Президенти мамлакат ба андозсупорандагон муроҷиат намуда, махсус таъкид кард, ки онҳо фарҳанги андозсупориро риоя карда, бо амри дилу виҷдони пок уҳдадориҳои худро дар назди буҷаи давлатӣ сари вақт иҷро намоянд.

Апрель 22, 2013 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд