М. Убайдуллоев ба марафончии 82- сола хонаи якҳуҷрадор тақдим кард
Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сокини 82-солаи пойтахт Зайдулло Миров, ки аз иштирокчии фаъоли ниммарафонҳои байналмилалии I, II, III аст, дар остонаи таҷлили Рӯзи пойтахт ва баргузории ниммарафони байналмилалӣ соҳиби туҳфаи арзанда- квартираи якҳуҷрадор гардид. Мавриди зикр аст, ки тасмими мазкур барои саҳми арзанда гузоштани Зайдулло Миров дар таблиғи варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеаи пойтахт аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 21 апрели соли 2012 зимни қадргардонии ғолибони сеюмин ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе гирифта шуд. Зайдулло Миров новобаста аз ба синни мубораки 82 расидани худ, бори дигар аз ин туҳфаи шаҳрдор, ки ба ӯ тақдим шудааст, изҳори сипос намуда, зикр сохт, ки феълан барои иштирок дар чорумин ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе омодагӣ гирифтааст ва кулли ҷавононро ба ин сабқат даъват менамояд. Хонаи якҳуҷрадоре, ки ба сокини 82-солаи Душанбе Зайдулло Миров тақдим гардидааст , рақамаш 7 буда. дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии кӯчаи Борбад, 56- и ноҳияи Фирдавсии пойтахт воқеъ аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






