Масоили ҳуқуқӣ — ҷиноӣ ва криминалогии авф дар ҶТ
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Дар қатори нашри китобҳои илмию назариявӣ ва методии Маркази миллиии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз қабл китоби «Масоили ҳуқуқӣ — ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» , ки аввалин тадқиқоти илмӣ дар ин соҳа мебошад, аз чоп баромад. Муаллифи китоби мазкур муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ Барно Саидвалиева кӯшиш намудааст, ки масоили вобаста ба авф, табиати ҳуқуқӣ, тадбиқи он, тавсифи авф, характеристикаи иҷтимоию криминалогии авфшудагонро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намояд. Китоби мазкур метавонад барои қабули санадҳои ҳуқуқии авф ҳамчун замина ва дастур бошад. Дар он мафҳумҳои «авф», «шахсони авшуда», масъалаҳои ҷуброни зарар ба ҷабрдида, бардоштани доғи судӣ , шартҳои татбиқ нагаштани авф, доираи амали қонуни мазкур, мақомоте, ки иҷрои қонун ба онҳо вобастаанд ва муҳлати иҷрои қонун мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар асоси тадқиқоти илмӣ аз ҷониби муаллиф баҳри мукаммалсозии қонунгузории авф ; аз ҷумла аз ҷиҳати илмӣ муайян намудани мафҳуми авф , шарҳи таснифи ҳуқуқии авф, ҳолати махфияти таҳияи санади авф ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ гардида, таклифҳо пешниҳод шудаанд. Ба ақидаи муаллиф бояд санади авф дар ҳолати махфият таҳия гардида , пеш аз ба қуваи қонунӣ даромаданаш набояд дар васоити ахбори омма муҳокима гардад, зеро пешакӣ донистани қабули санади авф боис мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ҷиноятҳои беҷазо зиёд гарданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






