Мулоқоти cафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт

Апрель 22, 2013 08:54

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 18 апрели соли 2013 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Носир Аҳмад Муҳаммад Сабоҳ барпо гардид. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг баррасӣ шуд. Ҳамчунин мусоҳибон масъалаҳои марбут ба ташкили ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Душанбе ва нишасти Шӯрои мудирони Бонки Исломӣ дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Апрель 22, 2013 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш