Мулоқоти Э.Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ

Апрель 15, 2013 12:40

Душанбе, 15 апрел (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуд.Бо таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкории иқтисодӣ, таъкид гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҷавобгӯи имкону захираҳои мавҷуда нест. Тавре зикр гардид, пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 50 санади байниҳукумативу байниидоравӣ ташкил медиҳад. Танҳо моҳи сентябри соли 2012 зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон 12 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Аз ин хотир, фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба, татбиқи босамари санадҳои имзошуда зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи тавофуқоти сершумори иқтисодию сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи робитаҳои дарозмуддати ду кишвари дӯст пояҳои устувор мегузорад.Рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ аз бахшҳои муҳими муносиботи ду кишвар номида шуд. Дар ин робита гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои мусоидат ба эҳёи ҳаёти осоишта ва таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин кишвар сурат гирифт.
 

Апрель 15, 2013 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд