Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аскар Мамин
Душанбе, 18 апрел (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникаю таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмили ихтисоси онҳо зоҳир гардид.Тавре зикр гардид, то имрӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз Қазоқистон 4 локомотив дастрас гардида, доир ба харидории 8-тои дигар қарордод ба имзо расидааст.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рафтуомади бемонеаи қатораҳои роҳи оҳан, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар масири ҳаракати онҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






