Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Намояндаи олии ИА оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ

Апрель 9, 2013 18:17

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Брюсел, пойтахти Шоҳигарии Белгия шуд.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Брюсел меҳмони олимақомро бо қатори горди фахрӣ, дигар муқаррароти сафарҳои расмӣ ва бо ҳусни эҳтиром истиқбол гирифтанд.Пас аз чанд лаҳзаи расидан ба Брюсел Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кэтрин Эштон мулоқот намуд.Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.Аз тасвиби ду Созишномаи молиявии миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки яке грантӣ ва дигаре қарзӣ мебошад ва қарордоди молиявӣ бо Бонки сармоягузории Аврупо доир ба барқарорсозии шабакаҳои барқии Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба рафти таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гардид.Ба таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамгироӣ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ бояд дар меҳвари муносиботи судбахши Иттиҳоди Аврупо бо минтақаи мо қарор дошта бошанд”.Идомаи дастгирӣ аз бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон -саноат, гидоэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, аз ҷумла бо назардошти эҳтиёҷоти Афғонистон зарур дониста шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тадбирҳои Тоҷикистон барои зиёд намудани интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли тобистон, ки дархости ҷониби Афғонистон аст ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии Иттиҳоди Аврупо қарор хоҳад дошт.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 9, 2013 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад